Хабарҳои муҳим
Вазорати авқофи Урдун аз муваффақияти назаррас дар ҷалби насли наврас ва ҷавон дар давраи таътили тобистона ба марказҳои Қуръонии ин кишвар хабар дод. Шумораи иштирокчиёни ин марказҳо аз 250 ҳазор нафар хонандагони духтару писар гузаштааст.
Aug 23 2026 , 09:50
Як коршиноси дастнависҳои қадима дар Миср дар доираи як ташаббуси қуръонӣ барои он ки шахсони нобино бештар аз зебоии хатти куфӣ дар китобати Қуръон дарк намоянд, усули навине ихтироъ кардааст.
Aug 21 2026 , 11:10
Китоби «Муҳаммад (с); паёмбаре барои замони мо» дар таҳлили икно
Ҳамзамон бо фаро расидани рӯзҳои аввали моҳи «Рабиъулаввал» ва идҳои гуногун ва мубораки он, хабаргузории икно ба нақду баррасии китоби «Муҳаммад (с); паёмбаре барои замони мо», навиштаи Карен Армстронг, пардохтааст; ривояте аз як муҳаққиқи зани ғарбӣ дар бораи паёмбаре, ки ҳидояти башарро дар миёни таърих, имон ва раҳмат бори дигар маъно бахшид ва баён кард.
Aug 21 2026 , 11:08
Як нусхаи 800-солаи Қуръон, ки ба давраи ҳукмронии мусулмонон дар Испания тааллуқ дорад, дар Осорхонаи Малагаи ин кишвар нигоҳдорӣ мешавад.
Aug 21 2026 , 11:03
Маҷмааи чопи Қуръони «Малик Фаҳд» дар Мадинаи Мунаввара бо қабули 10 ҳазору 558 нафар дар як рӯз рекорди бештарин боздиди рӯзона дар таърихи фаъолияти худро сабт кард.
Aug 21 2026 , 10:59
Сарпарасти Созмони Қуръонии донишҷӯёни кишвар таъкид кард:
Ҷавод Насирӣ Авонкӣ бо шарҳи зарфиятҳои расонаӣ, омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва студиявии Созмони Қуръонии Донишҷӯёни Кишвар ва хабаргузории икно, аз омодагии ин ду маҷмӯа барои ироаи хидмат ба фаъолони маҷозие, ки дар заминаи Қуръон фаъолият мекунанд, хабар дод ва гуфт: дар масъалаи ҳифзи Қуръон, он чӣ зарур ба назар мерасад, бознигарӣ дар усулҳои ҷалби мухотаб ва густариши ҳифзи Қуръон мутобиқ ба талабот ва хусусиятҳои насли нав аст.
Aug 21 2026 , 10:53
Ширкаткунандагони зану марди 46-умин мусобиқаи байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръони «Малик Абдулазиз» дар Арабистони Саудӣ аз Маҷмааи чопи Қуръони «Малик Фаҳд» дар шаҳри Мадина боздид карданд.
Aug 19 2026 , 11:09
«Пол Погба», ситораи футболи Фаронса, бо нашри акси як кӯдаки фаластинӣ дар миёни харобаҳо ва вайрониҳои Ғазза дар саҳифаи расмии худ дар Instagram, ҳамбастагии худро бо мардуми ин минтақа изҳор кард.
Aug 19 2026 , 11:01
Марҳилаи муқаддамотии миллии мусобиқаҳои Қуръонӣ ба муносибати 28-умин Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир рӯзи душанбе, 26-уми мурдод (17-уми август) дар ин кишвар баргузор гардид.
Aug 19 2026 , 10:50
Як ҳайати масеҳӣ дар иёлати Кадунаи Нигерия аз Шайх Усмон Муҳаммад Маймутo, мубаллиғи мусалмон, ба хотири беш аз панҷ даҳсола фаъолияти таблиғотӣ дар заминаи Қуръон ва маорифи исломӣ ва тарбияи ҳазорон ҷавон қадрдонӣ кард. Ин иқдом бо ҳадафи таҳкими ҳамзистии осоишта миёни мусалмонон ва масеҳиён анҷом шуд.
Aug 19 2026 , 10:46